ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми телевизионие, мардуми тоҷикро бо оғоз шудани моҳи шарифи Рамазон табрик кард.
Президенти ҷумҳурӣ моҳи Рамазонро давраи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд хонда, иброз дошт, ки ин моҳ ба инсон пойдориву устуворӣ, парҳезкориву қаноатро меомӯзад. "Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурӯтаниву хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро ба назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад. Дар ин моҳ одамон бо ҳам бештар меҳрубон шуда, бо якдигар самимонаву нармдилона муносибат мекунанд".
Дар идомаи паём таъкид мешавад, ки "мардуми шарифи мо дар ин моҳи муборак анъанаҳои арзишманди мазҳаби ҳанафиро эҳтиром намуда, инсонпарварӣ, таҳаммулгароӣ ва хайрхоҳиро пеша мекунанд. Онҳо бо ҳамдигар сулҳу салоҳ орзу карда, дасти ҳамдигарро мегиранд, аз падару модарони соҳибэҳтиром ва пирони рӯзгордида дуо хоста, ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунанд".
Дар баробари ин қайд мешавад, ки дар каломи осмонии Худованд илова бар ин, ки масъалаи гиромӣ доштани моҳи мубораки Рамазон борҳо таъкид градидааст, ҳамчунин барои мусулмонон якқатор сабукиҳо низ муқаррар шудаанд, аз ҷумла онҳое, ки сабабҳои узрнок доранд, масалан беморон, занони ҳомила ва заноне ки кӯдаки ширхора доранд, пирони барҷомондаву мусофирон метавонанд рӯза нагиранд ва ин фаризаро дар фаслу замони мувофиқ иҷро намоянд.
"Бахусус имсол,ки моҳи шарифи Рамазон ба оғози мавсими тобистон рост омад, шояд ба шахсони бемор, калонсолон ва шахсоне, ки ба корҳои вазнин, аз ҷумла кишоварзон барои чамъоварии ҳосили бо заҳмат парваришкардаи онҳо душвориҳо оварад,-қайд мегардад дар паём. Зеро сари вақт ҷамъоварӣ кардани маҳсулоти кишоварзӣ, ки ризқу рӯзии мардуми деҳот ва умуман аҳолии мамлакат мебошад, омили муҳимми фаровонии дастурхони ҳар оила ба ҳисоб меравад. Яъне моҳи Рамазон, ки ба фасли тобистон рост омадааст, чунин маъно надорад, ки мо кор накунем ва ҷамъоварии ҳосил, захираи маҳсулот, кишти такрорӣ ва дигар корҳои кишоварзиро ба вақти дигар гузорем".
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид месозад, ки дини мубини ислом дини мусолиматомезу сулҳхоҳ мебошад ва ҳама гуна тафриқаандозӣ, зӯровариву хушунат ва кинаву адоватро маҳкум мекунад.
"Дар чунин шароит моро зарур аст, ки моҳияти равандҳои муосирро ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва мардумро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, некиву накӯкорӣ ва амалҳои дигари хайр даъват намуда, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем",-изҳор дошт Эмомали Раҳмон.