ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Бозии дӯстонаи ду дастаи номдор дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ-21:00. Дар асоси тавофуқномаи пешакӣ, сармураббии дастаи "Локомотив" Игор Черевченко ҳайати омехтаи дастаро иборат аз бозигарони асосӣ ва ҳайати ҷавонон ба Душанбе меорад.
Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко зодаи Тоҷикистон буда, чанде қабл ба Ватан баргашта буд. Зимни сафар ва иштирок дар якқатор бозиҳои дастаҳои гуногуни Тоҷикистон, ӯ ба касбияти футболбозони тоҷик баҳои баланд дод.
Қабалн хабар дода шуд, ки вохӯрии қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи "Истиқлол"-и пойтахт бо қаҳрамони дукаратаи Русия тими футболи "Локомотив"-и Маскав тобистони имсол баъди анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Русия дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Гуфтанист, ки бозии "Локомотив" ва "Истиқлол" барои футболбозони мо вохӯрии чоруми дӯстона таи чанд соли охир маҳсуб мешавад. Қаблан дастаи миллӣ бо "Хассен Кассел"-и Олмон, "Шалке-04" ва ҳамчунин "Газовик"-и Оренбург бозии дӯстона анҷом дода буд.