ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар бозии аввалини плей-оффи Қаҳрамонии Осиё-2019, ки шоми дирӯз байни дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Бангладеш сурат гирифт дар қатори мухлисони футбол сармураббии дастаи "Локомотив" Игор Черевченко ҳузур дошт, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Мухлисони футбол, ки дар қисми шарқии Варзишгоҳи марказии пойтахт қарор доштанд, тарбиятгирандаи футболи тоҷикро хеле хуш истиқбол карданд.
"Игор Черевченко, хуш омадед! Мо шуморо дӯст медорем!"-мегуфтанд мухлисон.
Дар рафти тамошои бозӣ мухлисон "плакат"-и бузургро бо акси падари Игор Черевченко-муҳофизатгари нотакрори "Помири"-и Душанбе Геннадий Черевенко паҳн карданд.
Игор Черевченко писари собиқ бозигари дастаи футболи "Помир"-и Душанбе- Геннадйевич Черевченко буда, 21 августи соли 1974 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Қадамҳои нахустинаш дар футбол аз мактаби варзишии Душанбе шуруъ шуда буд. Ӯ ҳамчун ҳимоятгар бозӣ мекард. Соли 1992 дар ҳайати "Помир" чемпиони кишвар ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Соли 1996 Черевченко ба дастаи "Локомотив" даъват шуда, дар он ҷо ӯ бештар худро нишон дод ва дар ҳайати дастаи "роҳиоҳанчиён" чаҳор маротиба Ҷоми Русия, се бор медали нуқра ва як дафъа медали биринҷиро ба даст овард.