Наворҳо аз ҷои ҳодисаи тирпарронӣ дар Орландо

Обуна шудан
Панҷоҳ нафар дар пайи тирпарронӣ дар шаҳри Орландои иёлоти Флорида ҳалок гардида, 53 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Наворҳоро аз ҷои ҳодиса тамошо кунед.

Ҷинояткор шаби 12-июн дар клуби шабонаи Pulse дар Орландо мардумро ба муҳосира гирифт. Чуноне, зимни ҳамоиш раиси шаҳри Орландо Бадди Дайер иброз дошт, бар асари тирпарронӣ 50 пафар ҷон бохта 53 каси дигар дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Чуноне, шоҳидон хабар медиҳанд, ҳангоми ҳамла дар дохили бино зиёда аз 100 нафар қарор доштанд, ки баъдтар ба дасти ҷинояткор афтиданд. Пулис баъди се соат ҷинояткорро нобуд сохт.

Шабакаи CBS бо истинод ба сарчашмаи худ иттилоъ медиҳад, ки тирпарронӣ аз ҷониби шаҳрванди ИМА Омар Матин анҷом дода шудааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0