ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, бо дастрас шудани маълумоти оперативӣ маълум шудааст, ки ду нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ният доштаанд маводи нашъаоварро аз вилояти Хатлон тавассути пойтахт ба вилояти Суғд, баъдан берун аз ҷумҳурӣ ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия интиқол диҳанд.
Гуфта мешавад, барои ҷилавгирӣ намудан аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи кормандони фаврии Агентӣ дар пойтахт амалиёти махсус ташкил ва гузаронида шуда, дар кӯчаи Неъмат Қаробоев ду нафар нашъаҷаллоб дастгир ва аз онҳо як дона сумкаи варзишӣ мусодира гардидааст, ки дар дохили он 11 адад бастаи печида бо 10 килою 220 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ, ки бо интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, тадбирҳо андешида шуда, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.