ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Аз манзили як сокини шаҳри Душанбе зиёда аз 7 кг маводи нашъаовар дарёфт шудааст, менависад сомонаи ВКД ҶТ.
"Рӯзи 11-уми апреди соли равон аз ҷониби кормандони ШКД-и ноҳияи Рӯдакӣ як сокини 34-солаи пойтахт бо иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуд",- меафзояд манбаъ.
Аз дохили таҳхонаи боздоштшуда 7 килою 010 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.