Салоҳиятҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бештар гардид

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон.Акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи ба имзо расидани фармонҳо аз ҷониби президенти кишвар Эмомали Раҳмон Шӯрои адлия барҳам хӯрда, салоҳияти он бар зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардид.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Имрӯз аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон фармонҳо "Дар бораи барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Фармонҳои мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқарррароти наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ба Сарқонуни ҶТ ворид гардидаанд, равона шудааст,-омадаст дар иттилоия.

Қуттии овоздиҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зиёда аз 94% аҳолии ҶТ ба ҷонибдории тағйиру иловаҳо овоз доданд

Ҳамин тавр Шӯрои адлия барҳам хӯрда, салоҳияти он бар зиммаи суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор мешавад: "Тибқи фармонҳои мазкур масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои адлия дахл доштанд, минбаъд дар доираи ислоҳоти сохторӣ мутаносибан ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор мегарданд ва тамоми масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти мақомоти судӣ, таъмини моддию техникии ин сохтор, таъминоти кадрӣ, бозомӯзӣ ва такмили иҳтисоси кормандони судҳо, назорати судӣ аз болои фаъолияти судҳо, ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо аз ҷониби Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ амалӣ карда мешаванд".

Дар доираи талаботи Фармонҳои мазкур дарназар дошта шудааст, ки тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунгузории амалкунанда вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии судҳо ворид карда мешавад.

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Солҳои 1999,  2003 ва 2016 ба Сарқонун тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо дохил карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0