Мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфт

© SputnikБозии плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 Тоҷикистон-Бангладеш. Акс аз бойгонӣ
Бозии плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 Тоҷикистон-Бангладеш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии ҷавобии Тоҷикистону Бангладеш ба фоидаи мунтахаби миллӣ бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфта, тими Тоҷикистонро ба давраи интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2019 баровард.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Мунтахаби миллии Тоҷикистон ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Футболбозони тоҷик дар бозии ҷавобии плей-офф бо ҳисоби 1:0 бар тими Бангладеш ғолиб омаданд. Бозии авалини ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 5:0 анҷом ёфта буд.

Мунтахаби миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Футбол: панҷ голи беҷавоби Тоҷикистон ба дарвозаи Бангладеш

"Рақобати ҷавобии тими Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи миллии Бангабандуи шаҳри Дакка баргузор гардид, барои бозигарони тоҷик оддӣ набуд. Бозӣ зери борони шадид сурат гирифт, вале ба ин нигоҳ накарда дастаҳо бозии хуб анҷом доданд",-омадааст дар иттилоия.

Қаблан хабар дода шуд, ки мувофиқи ҷамъбасти даври интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2018, 16 даста ба бозии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфтанд. Ҳамин тавр 24 даста соли оянда дар 6 гурӯҳи чордастагӣ барои роҳхат гирифтан бо бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0