Футбол: панҷ голи беҷавоби Тоҷикистон ба дарвозаи Бангладеш

© Официальный сайт ФФТМунтахаби миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Мунтахаби миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон қабл аз рақобати такрории дастаҳо масъалаи роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2019-ро ҳал кард.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik.  Шоми дирӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон  таҳти роҳбарии мураббии ҷадиди худ Ҳаким Фузайлов дар аввалин дидори расмиаш дар доираи бозиҳои плей-оффи Қаҳрамонии Осиё —2019 тими Бангладешро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи кишвар, бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон бо ҳузури беш аз 8000 мухлис сурат пазируфта, ҳайати тағйирхӯрдаи тими мунтахаби мо нисбат ба рақобатҳои қаблӣ тавонист бозии ниҳоят ҷолибро манзури тамошобинон гардонад.

"Қабл аз ҳама, ҷалб шудани бозингарони ҷавон ва ба ҳайати асосӣ шомил шудани онҳо суръати бозиро хеле баланд кард ва умед аст, ки дар бозиҳои оянда ин ҳайат боз ҳам сайқал хоҳад ёфт",- меафзояд манбаъ.

Ҳаким Фузайлов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Cармураббии ҷадиди мунтахаби Тоҷикистон, Ҳаким Фузайлов таъин гардид

Ҳамин тавр, бозигари беҳтарини ин вохӯрӣ Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 19 ҳисобро боз карда, баъдан бо голи дуюми задааш бартарии футболбозони моро бештар кард. Парвиз Умарбоев пас аз он ки зарбаи кунҷиро футболбозони мо ба таври хос ба иҷро расониданд, муаллифи голи сеюм шуд.

Дар дақиқаи 58 бошад, баъди зарбаи ҷаримавӣ муҳофизатгари тими мунтахаби Тоҷикистон Даврон Эргашев бо зарбаи сар голи чоруми дастаи мунтахабро ба ҳадаф расонид. Умедҷон Шарифов муаллифи голи панҷум гардид.

Дар ин рӯз вохӯриҳои дигар ҳам барпо гардиданд, ки натиҷааш он чунин аст:
Тайбэйи Чин —Камбоҷа  2:2
Лаос —Ҳиндустон  0:1
Малайзия-Тимори Шарқӣ  3:0
Малдив —Яман  0:2

Лентаи хабарҳо
0