Тоҷикистону Қазоқистонро ҳамкориҳои тиҷоратӣ мепайвандад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкБозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ
Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қазоқистон хостори ташкили интиқоли бевоситаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз ҷумла, анор, ангур, зардолу, лиму ва меваҳои хушк шудааст.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова бо мушовири сафорати Қазоқистон дар ҶТ Талгат Шарипов вохӯрӣ анҷом дод, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ПСС.

Дар рафти вохӯрӣ Манзура Рустамова қайд кард, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи баланд қарор доранд. Ҳамкориҳо дар соҳаҳои савдо, иқтисод ва илму техника рушд меёбад.

Ба қавли ӯ дар бастагӣ бо ин кишварҳо бояд гардиши тиҷорати мутақобила дошта бошанд ва ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ин соҳа тақвият бахшанд.

"Барои Қазоқистон ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон хеле муҳиманд. Мо мехоҳем, ки истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони кишварҳои мо робитаи бевосита, бидуни миёнаравон дошта бошанд",-изҳор дошт Талгат Шарипов.

Қазоқистон шарики сеюми тиҷоратии Тоҷикистон. Баъди Чину ФР

Ӯ қайд кард, ки Қазоқистон хостори ташкили интиқоли бевоситаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз ҷумла  анор, ангур, зардолу ва меваҳои хушк мебошад. Ҷониби Қазоқистон дар навбати худ метавонад бозори Тоҷикистонро бо маҳсулоти озуқа, техника ва ғайра таъмин намояд.

Ҷонибҳо ҳамчунин сафари қарибулвуқуи доираҳои тиҷоратии Қазоқистон ба Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

"Бо дарназардошти тағйиротҳо дар Палатаи савдои Қазоқистон ва ташкили Палатаи савдои берунаи Қазоқистон масъалаи ба имзо расодани Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдои Қазоқистон ва ҶТ муҳокима гардид",-омадааст дар хабарнома.

Лентаи хабарҳо
0