Қазоқистон шарики сеюми тиҷоратии Тоҷикистон. Баъди Чину ФР

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкМаҳсулот дар мағоза (гипермаркет). Акс аз бойгонӣ
Маҳсулот дар мағоза (гипермаркет). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор дошт, ки содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Қазоқистон тамоюли афзоишро касб мекунад.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Қазоқистон Агибой Смагулов масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши иқтисодро муҳокима намуданд.

Смагулов дар нишаст изҳор дошт, ки дар манотиқи мухталифи Қазоқистон анборҳои махсус барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, сабзавоту меваҷот,ки аз Тоҷикистон ба Қазоқистон интиқол дода мешавад, бунёд мегарданд. Номбурда мӯътақид аст, ки ин омил боиси рушди содироти Тоҷикистон  хоҳад шуд.

Халтаҳои орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Воридоти беш аз 850 ҳазор тонна орди Қазоқистон ба Тоҷикистон

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ, қайд кард Ҳикматуллозода, тамоюли афзоиши гардиши савдои хориҷии кишварро бо Қазоқистон дорад.

Ҳамин тавр, Қазоқитсон шарики сеюми иқтисодии Тоҷикистон баъди Чину ФР ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол, Маскав, шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон мақоми худро оҳиста-оҳиста ба Пекин медиҳад.

Душанбе асосан ба Остона маҳсулоти кишоварзӣ интиқол медиҳад вадар навбати худ аз он ҷо гандум, гази моеъ, равғани растанӣ ва дигар маҳсулотро ворид менамояд.

Соли 2014 Тоҷикистон қариби 180 ҳазор тонн мева, сабзавот ва маҳсулоти полезӣ ба Қазоқистон содир кард. Инчунин, аз Тоҷикистон маҳсулоти дар боло зикршударо ба Покистон, Туркманистон, Афғонистон, Ироқ, Туркия, Беларус, Украина, Чин, Эрон, Қирғизистон, Узбакистон, Олмон, Латвия, АМА ва дигар кишварҳо интиқол меёбад.

Соли 2014 Тоҷикистон асосан ба бозори содиротӣ меваи хушк (тақрибан 88 ҳазор тонн) ва пиёз (наздик ба 76 ҳазор тонн)-ро баровард.

Лентаи хабарҳо
0