Ҳафт соли зиндон барои истифодаи “шпаргалка” дар Чин

© Sputnik / Дмитрий АхмадуллинДонишҷӯён. Акс аз бойгонӣ
Донишҷӯён. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чунин тағйирот моҳи ноябри соли гузашта қабул шуда, шурӯъ аз рӯзи сешанбе-замони оғози имтҳонсупорӣ барои хатмкунандагони мактаб мавриди истифода қарор гирифт.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Истифодаи "шпаргалка" аз ин ва баъд дар Чин бо ҳафт соли маҳрумият  аз озодӣ ҷазо дода мешавад, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба оҷонсии иттилоотии Синхуа.

Рӯзи сешанбе дар Чин имтиҳонсупории довталабон барои дохил шудан ба макотиби олии кишвар оғоз гардид.

Имсол барои довталабон хеле сангин хоҳад буд, чунки меъёрҳои бисёр ҷиддӣ: барои истифодаи "шпаргалка" ҷазои сангин то ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад оҷонсӣ.

Чунин меъёрҳо бо мақсади аз байн бурдани истифодаи маводҳои махсуси рӯбардории  "шпаргалка" аз ҷониби довталабон пешбинӣ шудаанд.

Мувофиқи маълумоти вазорати маорифи Ҷумҳурии мардумии Чин дар супоридани имтиҳоноти давлатӣ барои дохил шудан ба макотиби олӣ 9,42 миллион хатмкунанда иштирок мекунанд. Вобаста аз вилоятҳои кишвар имтиҳонҳо 2-3 рӯз давом хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0