Марг зеби онҳо нест:киҳоро ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ “ба хок супурданд”

Обуна шудан
Аксар вақт афроди машҳур ҳадафи бозии ВОА ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегиранд.Имрӯз мо якчанд ҳодисаи "ба хок супоридан"-и қабл аз мӯҳлати ситораҳоро дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ёд овардем.

Хабарҳои бардурӯғ дар бораи марги шахсони машҳур вақтҳои охир хеле зиёд ба чашм мерасад.

 

© AFP 2023 / MARK RALSTONЧанде қабл ҳамкорони ҳунарманди амрикоӣ Ҷек Блэк тасмим гирифтанд бо нашри хабар дар бораи марги ӯ дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Твиттер,ҳунарманд ва мухлисонашро фиреб диҳанд.Вале баъди чанде онҳо худ баёнияашонро рад карданд ва гуфтанд, ки ин танҳо бозӣ буд.
Ҳунарманди кино Ҷек Блэк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
1/10
Чанде қабл ҳамкорони ҳунарманди амрикоӣ Ҷек Блэк тасмим гирифтанд бо нашри хабар дар бораи марги ӯ дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Твиттер,ҳунарманд ва мухлисонашро фиреб диҳанд.Вале баъди чанде онҳо худ баёнияашонро рад карданд ва гуфтанд, ки ин танҳо бозӣ буд.
© AFP 2023 / FRANCOIS GUILLOTАктери машҳур Ҷек Чан борҳо мавриди бозии ВАО қарор гирифтааст. Соли 2011 баъзе аз ВАО хабар доданд, ки ҳунарманд бо сабаби бемории қалб, ки ҳангоми тамошои "Кунг-фу панда − 2" авҷ гирифтааст ба ҳалокат расид.
Марги навбатии ҳунарманд соли 2013 ба вуқӯъ пайваст. Аммо ин дафъа худи актер низ бетараф намонд: "Агар ман вафот кунам, ӯҳдадорам, ки дар бораи ин худам ба тамоми ҷаҳон хабар диҳам!".
Ҷек Чан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
2/10
Актери машҳур Ҷек Чан борҳо мавриди бозии ВАО қарор гирифтааст. Соли 2011 баъзе аз ВАО хабар доданд, ки ҳунарманд бо сабаби бемории қалб, ки ҳангоми тамошои "Кунг-фу панда − 2" авҷ гирифтааст ба ҳалокат расид.
Марги навбатии ҳунарманд соли 2013 ба вуқӯъ пайваст. Аммо ин дафъа худи актер низ бетараф намонд: "Агар ман вафот кунам, ӯҳдадорам, ки дар бораи ин худам ба тамоми ҷаҳон хабар диҳам!".
© AP / Photo by Chris Pizzello/InvisionҲунарманд Джони Депп чандин маротиба вафот карда буд. Хабар дар бораи марги ӯ соли 2010 ҳангоми ба садамаи нақлиётӣ афтоданаш нашр шуда буд. Соли 2012 бошад зимни ба наворгирии филми "Одинокий рейнджер" ғарқ шуда буд. Соли 2014 дар Facebook саҳифаи "ба хок супори"-и ӯ пайдо шуда буд, ки дар натиҷа истифодабарандагони шабакаи иҷтиомӣ ба ӯ таъзия баён мекарданд.
Джонни Депп. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
3/10
Ҳунарманд Джони Депп чандин маротиба вафот карда буд. Хабар дар бораи марги ӯ соли 2010 ҳангоми ба садамаи нақлиётӣ афтоданаш нашр шуда буд. Соли 2012 бошад зимни ба наворгирии филми "Одинокий рейнджер" ғарқ шуда буд. Соли 2014 дар Facebook саҳифаи "ба хок супори"-и ӯ пайдо шуда буд, ки дар натиҷа истифодабарандагони шабакаи иҷтиомӣ ба ӯ таъзия баён мекарданд.
© AFP 2023 / ANDREW COWIEҲунарпешаи амрикоӣ Камерон Диасро низ пеш аз мӯҳлат ба марг дучор намуданд. Моҳи марти соли 2011 мухлисони ӯ аз шунидани хабари маргаш ба таҳлука афтоданд, ҳамон замон худи ӯ бошад дар Майами истироҳат мекард ва худро хеле хуб эҳсос менамуд.
Камерон Диас. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
4/10
Ҳунарпешаи амрикоӣ Камерон Диасро низ пеш аз мӯҳлат ба марг дучор намуданд. Моҳи марти соли 2011 мухлисони ӯ аз шунидани хабари маргаш ба таҳлука афтоданд, ҳамон замон худи ӯ бошад дар Майами истироҳат мекард ва худро хеле хуб эҳсос менамуд.
© AP / Matt SaylesВАО борҳо дар бораи мушкилоти ӯ бо маводи нашъаовар навишта буданд. Хабар дода шуд, ки ӯ аз истифодаи зиёди нашъа ба ҳалокат расидааст, ки ҳамааш дурӯғи маҳз буд.
Линдси Лохан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
5/10
ВАО борҳо дар бораи мушкилоти ӯ бо маводи нашъаовар навишта буданд. Хабар дода шуд, ки ӯ аз истифодаи зиёди нашъа ба ҳалокат расидааст, ки ҳамааш дурӯғи маҳз буд.
© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкҲунарманд лидери гурӯҳи "Машина времени" Андрей Макаревич дар долони хонаи худаш "кушта шуда буд".Вале ин хабарро, ки аллакай дар тамоми шабакаҳои интернетӣ паҳн шуда буд, худи ӯ рад кард, "ин хабарро паҳн накунед", навишта буд ӯ.
Андрей Макаревич. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
6/10
Ҳунарманд лидери гурӯҳи "Машина времени" Андрей Макаревич дар долони хонаи худаш "кушта шуда буд".Вале ин хабарро, ки аллакай дар тамоми шабакаҳои интернетӣ паҳн шуда буд, худи ӯ рад кард, "ин хабарро паҳн накунед", навишта буд ӯ.
© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкМаълумот дар бораи марги президенти аввалин ва охирини ИҶШС дар ВАО борҳо паҳн шуда буд.
Михаил Горбачев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
7/10
Маълумот дар бораи марги президенти аввалин ва охирини ИҶШС дар ВАО борҳо паҳн шуда буд.
© Sputnik / Александр Уткин / Гузариш ба медиабонкСоли 2015 хабар дар бораи кушта шудани актер тариқи расонаҳо паҳн шуда буд.Чуноне бархе аз ВАО хабар дода буданд, "ӯ дар ҳавлии қасри худаш кушта шуда будааст", вале ин ҳам дурӯғ буд, чунки ӯ ягон хел қаср ҳам надоштааст.
Иван Охлобистин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
8/10
Соли 2015 хабар дар бораи кушта шудани актер тариқи расонаҳо паҳн шуда буд.Чуноне бархе аз ВАО хабар дода буданд, "ӯ дар ҳавлии қасри худаш кушта шуда будааст", вале ин ҳам дурӯғ буд, чунки ӯ ягон хел қаср ҳам надоштааст.
© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкМухлисони овозхон аз хабари марги ӯ ба таҳлука афтода буданд. ВАО соли 2010 ӯро ба хок супурд. Вале сухангӯи ӯ баъдан хабарро рад карда гуфт, ки ин нисбати овозхон "беҳурматӣ"-е беш нест.
Борис Моисеев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
9/10
Мухлисони овозхон аз хабари марги ӯ ба таҳлука афтода буданд. ВАО соли 2010 ӯро ба хок супурд. Вале сухангӯи ӯ баъдан хабарро рад карда гуфт, ки ин нисбати овозхон "беҳурматӣ"-е беш нест.
© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкВАО ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дӯстона ҳунармандро ба хок супурданд.Вале мухлисони ӯ то ҳол аз сурудҳояш ҳаловат мебаранд. Хабар бардурӯғ буд.
Иосиф Кобзон. Аскс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
10/10
ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дӯстона ҳунармандро ба хок супурданд.Вале мухлисони ӯ то ҳол аз сурудҳояш ҳаловат мебаранд. Хабар бардурӯғ буд.
Лентаи хабарҳо
0