https://sputnik.tj/20160608/1019832893.html
Толибон 30 мусофирро рабуданд. Дар Афғонистон
Толибон 30 мусофирро рабуданд. Дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳафтаи гузашта ҷангиён ба чор автобуси мусофиркаш, се мошини боркаш ва се автомобили сабукрав ҳуҷум карда буданд, ки дар умум дар дохили ҳамаи воситаҳои... 08.06.2016, Sputnik Тоҷикистон
2016-06-08T13:43+0500
2016-06-08T13:43+0500
2016-06-08T13:44+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101704/40/1017044042_0:19:1600:924_1920x0_80_0_0_28e5c048c5b864a8a5be65625a9be075.jpg
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2016
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101704/40/1017044042_0:0:1600:1004_1920x0_80_0_0_2c419f9e03b597456267c4fd8772dd7f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, осиёи марказӣ, ҳамаи хабарҳо, афғонистон, толибон, рабудани 30 нафар, мусофирони автобус
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, осиёи марказӣ, ҳамаи хабарҳо, афғонистон, толибон, рабудани 30 нафар, мусофирони автобус
Толибон 30 мусофирро рабуданд. Дар Афғонистон
13:43 08.06.2016 (Навсозишуда: 13:44 08.06.2016) Ҳафтаи гузашта ҷангиён ба чор автобуси мусофиркаш, се мошини боркаш ва се автомобили сабукрав ҳуҷум карда буданд, ки дар умум дар дохили ҳамаи воситаҳои нақлиётӣ зиёда аз 200 нафар қарор доштанд. Ин маврид ҳамла дар шоҳроҳи Қундуз-Тахор ба вуқӯъ пайваст.
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ҷангиёни гурӯҳи радикалии "Толибон" рӯзи чоршанбе наздики 30 мусофири автобусро дар Қундузи Афғонистон-қисми шимоли кишвар рабуданд.
Тибқи маълумоти хабаргузории Khaama ҳодиса дар шоҳроҳи Қундуз-Тахор ба вуқӯъ пайваст. Шумораи мниқи мусофирони дуздидашуда то ҳол номаълум аст, мақомоти ҳукуматӣ ба ВАО хабар додаанд, ки шумораи онҳо на кам аз 30 нафар мебошад.
Ҳафтаи гузашта ҷангиён ба чор автобуси мусофиркаш, се мошини боркаш ва се автомобили сабукрав ҳуҷум карда буданд, ки дар умум дар дохили ҳамаи воситаҳои нақлиётӣ зиёда аз 200 нафар қарор доштанд. Ҷангиён баъди гуфтушунидҳо аксари мусофиронро озод карданд. Мувофиқи маълумоти охир бар асари ҳамла 17 нафар ҷон бохтанд.
Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд.Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.