ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Вазири мудофиаи Русия, генерал Сергей Шойгу рӯзи сешанбе ба Қазоқистон рафта рӯзи чоршанбе, 8 июн дар ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар Остона баргузор мегардад иштирок мекунад, иттилоъ дод рӯзи сешанбе намояндаи расмии вазорати мудофиаи Русия Игор Конашенков ба рӯзноманигорон.
"Дар рафти вохӯрӣ дар бораи масъалаҳои мубрами рӯз, амнияти байналмиллалӣ минтақавӣ, пайдо кардани роҳҳои беҳтари вокуниш ба таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ дар қаламрави кишварҳои аъзои СҲШ, мубодилаи афкор сурат мегирад",-гуфт Конашенков.
Ба қавли ӯ "баррасии чорабиниҳои омодагӣ ба омӯзишҳои зиддитеррористии муштараки "Миссияи сулҳ-2016", ки дар қаламрави Қирғизистон гузаронида мешавад, мавзӯъи алоҳидаи ҷаласа хоҳад буд".
Ҳамчунин иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои ҳамкориҳои соли гузаштаро таҳлил карда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои СҲШ-ро баррасӣ хоҳанд намуд, хабар дод генерал.
Дар ҷаласа ҳайати намояндагони шаш кишвари аъзои СҲШ (Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон ва Узбакистон), намояндагони котибот ва мақомоти зиддитеррористии СҲШ иштирок мекунанд.
"Чун анъана дар давраи баргузории ҷаласаи вазирони мудофиаи кмшварҳои аъзои СҲШ фестивали байналмиллалии оркестри мамлакатҳои аъзои СҲШ "Труба мира-2016" доир мегардад. Ин ҷашнвораи сеюмин буда, шакли маъмули ҳамкориҳои фарҳангии байни кишварҳои СҲШ ба шумор рафта, ба рушди мудобилаи фарҳангии давлатҳои СҲШ мусоидат мекунад ",-гуфт Конашенков.