ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин имрӯз ба идораи марказии хабаргузории МИА "Россия сегодня" меояд. Аснои боздид Владимир Путин рӯзноманигорони хабаргузориро бо 75-умин солгарди фаоълият табрик менамояд, итттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба хадамоти матбуотии Кремл.
"Рӯзи 7-уми июн президенти Русия Владимир Путин аз идораи марказии хабаргузории иттилоотии "Россия сегодня" боздид намуда, дастаи рӯзноманигорони хабаргузориро бо 75-умин солгарди фаоълият табрик карда, ҳамчунин бо иштирокчиёни анҷумани "Марҳалаи ҷадиди журналистика: видоъ бо қолабҳои шахшуда" гуфтугӯ анҷом хоҳад дод",-омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин қайд мегардад, ки хабаргузорӣ (Совинформбюро) фаъолияти худро баъди ду рӯзи оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ кардааст. Совинформбюро заминаи асосии пайдоиши дигар хабаргузориҳо чун-оҷонсии "Новости", РИА Новости, МИА "Россия сегодня" ба шумор меравад.
Анҷумани байналмиллалии "Марҳалаи ҷадиди журналистика: видоъ бо қолабҳои шахшуда" дар Маскав рӯзҳои 6-7 июн бахшида ба 75-умин солгарди хабаргузории Совинформбюро баргузор мегардад. Ташкилкунандаи анҷумани байналмиллалӣ МИА "Россия сегодня" буда, дар он коршиносони соҳаи журналистикаи 30 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.