Анҷумани байналмиллалии расонаҳо дар Маскав оғоз гардид

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкАнҷумани байналмиллалии расонаҳо.Акс аз бойгонӣ
Анҷумани байналмиллалии расонаҳо.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Анҷумани байналмиллалӣ, ки аз ҷониби “Россия сегодня” ташкил шудааст, ду рӯз идома хоҳад кард. Мавзӯъи марказии анҷуман: нақши журналистика дар ҷаҳони муосир арзёбӣ мегардад.

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik.  Анҷумани байналмиллалии "Марҳилаи ҷадиди журналистика: видоъ бо қолабҳои шахшуда", ки ба 75 солагии "Совинформбюро"-асосгузори якқатор оҷонсиҳои хабаргузории ватанӣ, ки Русияро ба мамолики хориҷӣ шинос кардаанд, дар Маскав ба кори худ оғоз кард.

Дар анҷуман коршиносони соҳаи хабаргузории зиёда аз 30 кишвари дунё, аз ҷумла ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Ҳиндустон, Чин, Арманистон, Миср, Озарбойҷон ва АМА иштирок доранд.

Анҷумани байналмиллалӣ рӯзи аввал бо мавзӯъи "Журналистика дар асри пас аз шахшавӣ" шурӯъ шуда, коршиносони рус ва мамлакатҳои хориҷ дар доираи он тамоюли талаботи бозори ВАО-ро муҳокима намуда, шаклҳои рушди минбаъдаи онро муайян хоҳанд кард.

Рӯзи аввал дар форум директори генералии хабаргузории "Россия сегодня" Дмитрий Киселев (Русия), муовини вазорати алоқа ва коммуникатсияи ФР Алексей Волин (Русия), раиси Шӯрои роҳбарони медиавии Al Mayadeen TV Гассан Бен Ҷиддоу (Ливан), рӯзноманигор Ева Голиҷер (ИМА), директори генералӣ ва сардабири оҷонсии хабаргузории Сурия SANA Аҳмад Дава (Сурия), намояндаи ВКХ-и ФР оид ба ҳуқуқи инсон  Константин Долгов (Русия), муовини директори генералии ЮНЕСКО оид ба алоқа ва коммуникатсия Франк Ла Рю (Фаронса) ва коршинос оид ба масъалаҳои иқтисодии The Telegraph Media Group Лиам Халлиган (Великобритания) суханронӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки дар рафти анҷумани байналмиллалӣ якқатор созишномаҳои ҳамкорӣ бо ВАО-и ҷаҳонӣ ба имзо расонида шаванд.

Ҳадафи асосӣ аз баргузории анҷумани байналмиллалӣ-муҳокимаи равандҳои муосири журналистика, дарёфти монандиҳо ва дигаргуниҳо дар ВАО-и ҷаҳонӣ. Масаълаҳое, ки дар рафти анҷуман муҳокима хоҳанд шуд, хоси ҳам ВАО-и Русия ва ҳам дигар мамолик мебошанд. Пайдоиши расонаҳои ҷадид чӣ гуна сурат метирад? Кадом омилҳо ва технология фаъолияти  хабарнигорро муйаян месозад? Озодии матбуот аз куҷо шурӯъ шуда то куҷо бояд идома ёбад? Лоиҳаҳои Интернетии ҷадид ва расонаҳои рақамӣ дар медиаи нав чӣ гуна сабт гардидаанд.

МИА "Россия сегодня" медиагурӯҳи байналмиллалӣ аст, ки рисолати он фарогирии фаврӣ, мутавозин ва муҳокимаву пешниҳоди ҳодисаҳои муҳимтарини ҷаҳон ба тамошобинон мебошад. МИА "Россия сегодня" аз хабаргузориҳои: РИА Новости, Р-Спорт, РИА Недвижимость, Прайм, РИА Рейтинг, ИноСМИ иборат аст.

Лентаи хабарҳо
0