Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ба финал баромада натавонистанд

© AP / Ivan SekretarevМавзуна Чориева. Акс аз бойгонӣ
Мавзуна Чориева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева дар даври ниманиҳоии қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон дар Чин шикаст хӯрда барандаи ҷои сеюми мусобиқот шуданд.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Муштазанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева, ки рӯзи 12 август дар даври ниманиҳоии қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон дар Чин шикаст хӯрданд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд, иттилоъ медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии ҶТ.

"Ҳар ду муштзани тоҷик, ки аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ дар шаҳри Уланчаб маҳрум гаштанд, имрӯз бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд",- менависад манбаъ.

Мавзуна Чориева ба сабқати ниманиҳоии Осиё роҳ ёфт

Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шри-Ланка ва Ӯзбакистон ба ба марҳилаи ниманиҳоӣ баромад, аммо дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз муштзани Кореяи Шимолӣ мағлуб шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шоира Зулқарнаева бошад, дар вазни зери 64 кило, ки дар даври муқаддамотӣ рақиби муғулашро шикаст дод, дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгардухтари Чин рақобат кард. Ӯ низ ба нокомӣ дучор шуда, ба финал баромада натавонист.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон чаҳор варзишгар — Дилафрӯз Зафарова (48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54 кг), Мавзуна Чориева (60 кг), Шоира Зулқарнаева (64 кг)   шомил буданд.

Лентаи хабарҳо
0