ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Террористони ДОИШ (Давлати Исломӣ мамнӯъ дар Тоҷикистон) шаҳрвандони ғайринизомии Эл-Фалуҷаи Ироқро, ки тавассути фирор аз шаҳр мехоҳанд худро муҳофизат намоянд, тирборон мекунанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба Шӯрои Норвегия оид ба гурезагон (NRC).
Мувофиқи маълумоти оҷонсии Франс Пресс, ки бо истинод ба NRC хабар медиҳад, гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ба сӯи нафароне, ки кӯшиши убури дарёи Фуротро, ки ягона роҳест барои баромадан аз қаламрави иҳотакардаи ҷангиён, бе ягон муноқиша тир холӣ мекунанд.
"Шумораи номаълуми шаҳрвандони ғайринизомӣ ҳангоми кӯшиши убур кардани дарё кушта шудаанд",-омадааст дар изҳороти созмон.
NRC зимни изҳорот ҳамчунин хабар медиҳад, ки ду ҳафта қабл аз ин ҳангоме, ки қувваҳои низомии ҳукуматии Ироқ амалиёти махсусро барои озод кардани шаҳр мегузарониданд, ба ҷойҳои муваққатии гурезагон боз 18 ҳазор нафари дигар омадаанд.
Эл-Фалуҷа, ки дар қисми ғарбии вилояти Анбор ҷойгир аст, ҳанӯз аз соли 2014 таҳти назорати ҷангиёни Давлати Исломӣ қарор дорад. Нахуствазири Ироқ Ҳайдар-ал-Абадӣ шаби 23-юми май дар бораи оғози амалиёти озодкунии шаҳр аз террористон, ки зимни он тибқи ҳисоботи СММ тақрибан 50 ҳазор сокинон мемонанд, эълон дошт. Амалиёт аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Ироқ бо дастгирии қувваҳои ҳавоии эътилофи байналмиллалӣ гузаронида мешавад.
Озод кардани шаҳр барои ҳукумати Ироқ хеле муҳим аст, чунки гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи Давлати Исломӣ Эл-Фалуҷаро, ки дар масофаи 65 километрии пойтахт ҷойгир аст, ҳамчун макон барои ҳамла ба шаҳр истифода мебаранд.