ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Яке аз раҳбарони "ДИ" дар вилояти Анбар рӯзи чаҳоршанбе аз сӯйи маъмурони амниятии Ироқ зимни талоши фирор аз шаҳр бо либоси занона боздошт шуд, омадааст дар хабари Маркази иттилоъоти низомии Ироқ, менависад Islamnews.
Ал-Маруии боздоштшуда, ки муовини раҳбари пулиси исломии "ДИ" дар шаҳри Эл-Фалуҷа мебошад, ба танҳоӣ талош дошт дар миёни сокинони ин шаҳр, ки аз сӯйи низомиён ба муҳосира гирифта шудааст, фирор кунад.
Вай либосе ба бар карда буд, ки хоси бонувони рустоии ин минтақаи вилояти Анбар аст.
14 июл гузориш шуда буд, ки дар пайи ҳамалоти ҳавоӣ дар шимолу шарқи Сурия ду нафар аз раҳбарони аршади гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" маҳв карда шуданд. То ҳол рӯшан нест, ки онҳо дар пайи зарбаҳои нерӯҳои ҳавоии Сурия ва ё эътилофи байналмиллалӣ кушта шудаанд.