Кофтуков дар манзили зисти роҳбари ҳаракати “Муҳоҷирони кории тоҷик”

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкКаромат Шарипов. Акс аз бойгонӣ
Каромат Шарипов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кофтуков дар манзили зисти Каромат Шарипов субҳи имрӯз соати 6 шурӯъ шуда, то ҳол идома дорад. Ҳаракати ҷамъиятии “Муҳоҷирони кории тоҷик” бо дархости вазорати адлияи Русия баста шуд.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар хонаи истиқоматии роҳбари ҳаракати "Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик"  Каромат Шарипов  амалиёти кофтуковӣ гузаронида шуда истодааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ташкилот.

Каромат Шарипов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Каромат Шарипов: тоҷикон дар ҳолати таназзул қарор доранд

Қаблан хабар дода шуд, ки Додгоҳи Олии Русия бо дархости вазорати адлия масъалаи қатъ кардани фаъолияти ҳаракати "Муҳоҷирони кории тоҷик"-ро баррасӣ намуд.

Ковтуков сӯбҳи ҳамин рӯз соати 6 оғоз градида то ҳол идома дорад.

Ҳаракати ҷамъиятии "Муҳоҷирони кории тоҷик" соли 2008 ба кор шурӯъ кард. Ҳадафи ҳаракати ҷамъиятӣ ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия, мусоидат кардан ба дарёфти ҷои кор барои муҳоҷирон мебошад.

Ҳаракати "Муҳоҷирони кории тоҷик" дар доираи фаъолияти худ барномаҳои фарҳангӣ-илмиро маблағгузорӣ карда, намоишҳои гуногун, сабқатҳои варзишӣ, консертҳо, ва дигар барномаҳои фанҳангиро доир менамояд. Барои дарёфти ҷои кор ба муҳоҷирон кӯмак намуда, дар ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар қаламрави Русия мусоидат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0