Мунтахаби Тоҷикистон аз Туркманистон бо панҷ медал баргашт

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкСамбо. Акс аз бойгонӣ
Самбо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ин мусобиқа бояд аз Тоҷикистон 30 варзишгар раҳсипор мешуданд, вале бо сабаби надоштани раводид танҳо панҷ нафар имкони ширкат пайдо карда, бо медалҳои тилло, нуқра ва чанд нишони биринҷӣ баргаштанд.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Яке аз мусобиқоти муҳимтарини ин мавсим-қаҳрамонии Осиё оид ба самбо байни ҷавонону наврасон дар Ашқобод баргузор гардид.

Дар сабқат зиёда аз 400 варзишгар аз 17 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Дар муддати се рӯзи мусобиқа 67 маҷмӯъи медалҳо оид ба самбо байни мардон ва занон (ҷавонон, наврасон ва калонсолон) ба бозӣ гузошта шуда буданд.

Самбо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Самбо: дар интизории такрори қаҳрамонии Саъидмӯмин Раҳимов

Варзишгарони калонсол дар нӯҳ вазн ва самбистони наврас дар даҳ вазн қувваозмоӣ намуданд.

Қаҳрамонии Осиё бори аввал дар пойтахти Туркманистон баргузор гардида омодагӣ барои Бозиҳои 5-уми Осиёӣ, ки соли 2017 дар ҳамин шаҳр доир хоҳад шуд, мебошад. Довари асосии майдон ноиби президенти Иттиҳоди Осиё оид ба самбо ва дабири кулли Федератсияи самбои ҶТ Маҳмуди Абдулло буд.

Дар нақша буд, ки  ба ин мусобиқа  аз Тоҷикистон 30 варзишгар раҳсипор шавад, вале бо сабаби надоштани раводид танҳо панҷ нафар дар мусобиқа ширкат карданд. Варзишгароне, ки натавонистанд соҳиби раводид гарданд намояндагони шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ВМКБ буданд. Дар миёни онҳо варзишгарони номдори Тоҷикистон чун Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Набимуҳаммад Хоркашев ҳузур доштанд.

Дар охир ба мусобиқот ҳашт нафар аз вилояти Суғд иштирок карданд.

Панҷ нафари онҳо соҳиби медал гардиданд, Ҳамроз Раҷабов дар вазни 74 кг соҳиби медали тилло гардид. Дар даври ниҳоӣ ӯ рақиби худ аз Қирғизистон- Урмат Мабетҷан Уулуро мағлуб намуд.

Садам Каримов аз байни наврасон дар вазни 75 кило барандаи медали нуқра гардид.

Варзишгари дигари  тоҷик Дилбар Султонова дар вазни 72 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар баробари ин Нозила Каримова аз байни духтарон дар вазни 56 кг ва Мирзошариф Исматов аз байни наврасон дар вазни 74 кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Хушқадам Хусравов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгари тоҷик дар Ҷоми олии ҷаҳонии самбо барандаи медали тилло шуд

Қаҳрамонии Осиё соли гузашта дар Атирауи Қазоқистон баргузор гардида буд. Аз ин мусобиқа варзишгарони тоҷик бо 13 медали тилло, 9 нишони нуқра ва 6 медали биринҷӣ ба ватан баргаштанд.

Дар баробари ин чуноне дафтари матбуотии Федератсияи байналмиллалии самбо хабар медиҳад, ин намуди варзиш ба рӯйхати барномаи бозиҳои Осиёӣ, ки соли 2018 дар Ҷакарта ва Палембангеи Индонезия доир мегарданд, дохил шуд. Қарор дар бораи ворид намудани самбо ба рӯйхати бозиҳои Осиёӣ дар ҳамоиши ҳамҷояи намояндагони федератсияҳои самбо, ки дар Бангкок доир гардид, қабул гардид.

Лентаи хабарҳо
0