ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. То аввали моҳи равон дар кишвар 204 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда шуданд, иттилоъ медиҳад Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон.
"Дар вилоятҳои Хатлон 101 оила, Суғд 23 навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 80 оила бо қитъаи замин таъмин гардида, сохтмони манзили истиқоматиашон аллакай оғоз гардидааст",- гуфт сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Нурулло Назаров.
Бино ба қавли ӯ, муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 40 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Тайи ин муддат ба 175 хонаводаи муҳоҷирони дохилӣ 525 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок (ба ҳар сардори оила 3000 ҳазор сомонӣ) тавассути бонки давлатии "Амонатбонк" дар шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон барои пардохт ироа гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, барои таъмин намудани муҳоҷирон бо оби нӯшокӣ ва дигар ифрасохторҳои зарурӣ Хадамоти муҳоҷират ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор тақвият бахшида, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ дар ҶТ барои солҳои 2014-2016" соли равон кӯчонидани 400 хоҷагӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зимнан, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 309 хоҷагии дар мавзеъҳои хавфнок истиқоматдошта бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд, ки ин 77 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.