ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бар асари боронгариҳои шадид ва омадани сел дар шаби гузашта беш аз 1140 манзили сокинон дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ осеб дидааст, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон.
"Шаби гузашта бар асари боришоти зиёд сатҳи дарёчаи Элок боло рафта ва дар деҳаҳои Адолат, Садоқат, Файзоба, Комсомол-1 ва Комсомол-2-и ҷамоати деҳоти Зайнабододи ноҳияи Рӯдакӣ ба беш аз ҳазор хонаи истиқоматӣ осеб ворид шудааст",- меафзояд манбаъ.
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Ориф Нозимов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи наҷоти ин кумита, ситоди оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе, гурӯҳи наҷот ва дастаи зудамали шаҳри Душанбе, ҳамзамон сарбозони қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар гарнизони Душанбе барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба ин маҳалли офат сафарбар шудаанд.
Феълан, мардуми осебдидаро ба ҷойҳои бехатар интиқол медиҳанд ва аз субҳ то ба ҳол аз се деҳаи осебдида тавассути мошинҳои боркаши "Камаз" занону кӯдаконро берун овардаанд.
Тибқи иттилои муқаддамотӣ, дар миёни сокинон талафоти ҷонӣ сабт нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки бар асари ин ҳодиса, имкони талафи чорвои хонаводаҳо ва зери обу лой мондани майдони кишти сокинон, вуҷуд дорад
Ҳамзамон ҷаноби Нозимов гуфт, ки дар манотиқи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Файзобод, Ҳисор, Шаҳристон ва Панҷакент низ боришоти аз меъёр зиёд сурат гирифта ва селхезӣ сурат гирифтааст.
Ҳамзамон, шаби гузашта дар деҳаи Зинги ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон низ бар асари боридани борон ва омадани сел се хонаи истиқоматӣ комилан тахриб шудаанд ва ба чанд манзили дигар зарар ворид шудааст.