Барномаи рушди саноати ҶТ иҷро нашуд

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкДар нуқтаи коркарди пахта. Акс аз бойгонӣ
Дар нуқтаи коркарди пахта. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иқтидори солонаи корхонаҳои коркарди нахи пахта, ба иттилои вакилон ба бештар аз 70 ҳазор тонна расонида шудааст.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Барномаи давлатии рушди саноати сабук дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 иҷро нашуд.

"Барои татбиқи барномаи мазкур 143,8 млн. доллар ҷудо шудааст, ки 45,8 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад",- иброз доштанд вакилони парлумон аснои муҳокимаи парлумонии марбут ба масоили саноати ҶТ.

Швейтсария бузургтарин харидори нахи пахта ва алюминийи тоҷик шуд

Ҷиҳати татбиқи барномаи рушди саноати сабук, ки барои ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ, вусъат бахшидан ба истифодаи самараноки онҳо таҳия ва қабул шуда буд, мебоист 314 млн. доллари ИМА, асосан аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ҷудо мешуд.

Ҳарчанд, нақшаи иҷрои ин барномаи муҳими давлатӣ, дар давраи пешбинишуда, ҳатто ба 50 дарсад иҷро нашудааст, зимни муҳокимаи порлумонӣ, 31-уми майи соли ҷорӣ, вакилон аз вазъи саноати кишвар ситоиш карданд.

Ба қавли вакилони парлумони кишвар, дар доираи ин барнома дар соҳаи саноати сабук корхонаҳои нав бунёд шуда, аз нав муҷаҳҳаз шудаанд. Хатҳои технологии корхонаҳои амалкунанда ба анҷом расонида шудааст.

Нахи пахта, ки ашёи хоми стратегӣ барои рушди соҳаи саноати сабук ба ҳисоб меравад, ҷиҳати коркарди ниҳоии он чораҳо андешида шуданд.

Иқтидори солонаи корхонаҳои коркарди нахи пахта, ба иттилои вакилон ба бештар аз 70 ҳазор тонна расонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0