ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. 50,5% содироти коло аз Тоҷикистон ба Швейтсария сурат гирифтааст, ки дар тӯли солҳои ахир ба харидори аслии алюминий ва нахи панбаи тоҷик табдил шудааст, омадааст дар гузори Ожонси омори назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шарикони аслии содироти Тоҷикистон мисли солҳои қаблӣ — Швейтсария, Туркия, Украина, Қазоқистон, Эрон ва Русия боқӣ мондаанд.
Ба ҷуз аз Швейтсария аз харидорони аслии колоҳои Тоҷикистон Туркия аст, ки 16,5% содироти кишварро соҳиб шудааст.
Ҳанӯз дар соли 2012 Туркия дар феҳрасти содиротии Тоҷикистон мавқеъи аввалро бо 36% ҳаҷми умумии содирот дошт. Он замон мизони Швейтсария аз 7% болотар набуд. Дар солҳои ахир вазъият тағйир ёфт ва ҳамакнун мизони содирот ба Швейтсария даҳҳо маротиба бештар шуд.
Хабар дода мешавад, ки дар моҳи январи соли 2015 маблағи колоҳои содиротиии Тоҷикистон ба Швейтсария $47,3 миллион шудааст, ҳарчанд Тоҷикистон аз ин кишвар ҳамагӣ ба маблағи $307,6 ҳазор коло ворид кардааст.
Ба ин тартиб ҳар ду кишвар миёни худ ба маблағи $47,6 миллион табодули коло кардаанд. Ин нишондод 8,9 маротиба аз омори ҳамин давраи соли 2014 бештар аст.
Дар моҳи январи соли 2015 аз Тоҷикистон ба маблағи $93,8 миллион колоҳо содирот шуда ба маблағи беш аз $251 миллион колоҳо ворид шудааст.
Ин дар ҳолест, ки содироти нахи панба дар моҳи январ ба 7% афзоиш ёфта 12 ҳазор тоннаро ба маблағи $14,7 миллиона ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2014 $14,7 миллион камтар аст. Ба навиштаи хабаргузории "Авеста" ин амр ба коҳиши 22% қиммати нахи панба дар бозорҳои ҷаҳонӣ марбут аст.
Дар соли 2014 аз кишвар 86,4 ҳазор тонна нахи панба ба маблағи $132,1 миллион, ки 30,2% ва ё $57,2 миллион камтар аз омори соли 2013 мебошад.
Дар маҷмӯъи умумии табодули коло бо кишварҳои хориҷӣ ҷойи аввалро Русия соҳиб аст. Дар моҳи январи соли ҷорӣ мизони табодули коло бо ин кишвар $85 миллион шудааст.
Воридоти коло ба Тоҷикистон аз Русия муодили — 31,8%, Чин — 15,1%, Қазоқистон — 15,0%, Литва — 4,7%, Эрон — 4,3% будааст.