ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи "Истиқлол"-и пойтахт дар шаҳри Душанбе бо қаҳрамони дукаратаи Русия тими футболи "Локомотив"-и Маскав вохӯрии дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре сомонаи расмии дастаи душанбегиҳо менависад, раҳбарияти ҳар ду бошгоҳ доир ба баргузор намудани бозии дӯстонаи байналмилалӣ ба созиш расидаанд.
Бар асоси тавофуқномаи пешакӣ, вохӯрӣ баъди анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Русия тобистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Зимнан, мувофиқи қарордоди ҳосилшуда, сармураббии дастаи "Локомотив" Игор Черевченко ҳайати омехтаи дастаро иборат аз бозигарони асосӣ ва ҳайати ҷавонон ба Душанбе меорад. Дар бораи санаи баргузории вохӯрӣ ба таври иловагӣ маълумот дода мешавад.
Дастаи "Истиқлол" то имсол бо тимҳои мухталифи дунё, аз қабили "Хасенн-Кассе"-у "Шалке-04"-и Олмон, инчунин "Газовик"-и шаҳри Оренбурги Русия бозиҳои дӯстона гузаронида буд.