ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав панҷ иштирокчии қазияи Хованскоеро паси панҷара нишонд, иттилоъ дод ба РИА Новости сухангӯи додгоҳ Анастасия Дзюрко.
"Додгоҳ рӯзи якшанбе парвандаи Ҷомӣ Чақалов, Шоҳимардон Аҳмадов, Раҳмиддин Садриддинов,Ҳоҷиқурбон Бӯриев ва Диловар Юнусовро омӯхта онҳоро аз озодӣ маҳрум кард",-гуфт ӯ.
Ӯ илова намуд, ки мӯҳлати боздошт то 26 июл муқаррар гардидааст.
Мувофиқи маълумоти ВКД, занозанӣ дар гӯристони "Хованское" миёнаҳои моҳи май ба вуқӯъ пайваста дар он зиёда аз 200 нафар иштирок намуда, аз 90 нафар беш дастгир гардиданд.
Чуноне ҳукумати шаҳри Маскав хабар медиҳад, бар асари ин ҳодиса се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 23 нафар дар беморхона бистарӣ гардиданд аз онҳо чор нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд. Аз рӯи ҳодисаи куштор кумитаи тафтишот парвандаи ҷиноӣ боз намуда, қазия пайгирӣ мешавад.