Маскав: заҳролудшавӣ ва интиқоли шаҳрвандони ҶТ ба бемористон

© Sputnik / Наталья СеливерстоваМошини ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ
Мошини ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан хабар дода шуд, ки наздики 60 нафар дар хобгоҳи воқеъ дар ғарби Маскав бо сабаби заҳролудшавӣ бистарӣ шуданд. Хадамоти таъҷилӣ ва наҷотдиҳии Маскав маълум намуд, ки маводи озуқаворӣ аз ҷониби ширкати дигар ба ошхонаи корхона дастрас мегардад.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ҳамаи 60 муҳоҷири сохтмончӣ, ки дар хобгоҳи воқеъ дар ғарби Маскав ба сар мебурданд шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон ҳастанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Э.Раҳмон ба муҳоҷирон: ман доим дар фикри шумо ҳастам

"Бинокорони заҳролудшуда —шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистонанд",- гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Қаблан роҳбари хадамоти амнияти нуқтаи сохтмонӣ Дмитрий Телитсин дар бораи заҳролудшавии оммавӣ хабар дод. Ба қавли ӯ, ҳамагӣ 60 нафар заҳролуд шудаанд.

Маводи озуқаворӣ ба ошхонаи ташкилот аз ҷониби ширкати дигар оварда мешавад. Телитсин илова кард, ки то ҳол чунин ҳодисаҳо дар ширкати онҳо рух надода буд.

Лентаи хабарҳо
0