ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Олимони Донишгоҳи Беркли дастгоҳеро сохтанд, ки метавонад фикри инсонро ба калима тарҷума кунад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба нашриёти Daily Mail.
Дастгоҳ дар асоси таҳлили фаъолияти мағзи сар сохта шудааст.
Олимон таҳқиқот гузаронида дар доираи он фаъолнокии мағзи сарро ҳангоми сухангӯӣ, дарк ва тасаввуроти калима муқоиса намуданд. Баъди санҷиши чандинсола дастгоҳи сабти фаъолнокии мағзи сар тавонист тасаввуроти инсонро ба калима тарҷума кунад.
Ба гуфти олимон дастгоҳ метавонад ба нафароне, ки гирифтори ихтилоли суханронӣ ҳастанд кӯмак кунад.