Консертҳои ройгон дар боғҳои Душанбе. То ҷашни “Истиқлол”

© Sputnik / Амир ИсаевРақси миллӣ. Акс аз бойгонӣ
Рақси миллӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин барнмаҳои консертӣ то охири тобистон дар вақту соати мухталиф поёни ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зери фармоне имзо гузоштааст, ки тибқи он рӯзҳои шанбеву якшанбе то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахт барномаҳои консертии бепул бо ширкати устодони санъат ва ҳунармандони маъруфу дастаҳои ҳунарӣ баргузор мешаванд.

Ин барнмаҳои консертӣ дар вақту соати мухталиф охири ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт сурат мепазиранд.

Консерт дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эълони озмуни “Суруди Ватан” дар Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати шаҳри Душанбе масъулини идораи фарҳанги пойтахтро ба ин кор муваззаф карда, супориш додааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, мудофиа ва корҳои дохилӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои таъмини иштироки дастаҳои ҳунарӣ ва шоирону нависандагон дар ҷойҳои баргузории чорабиниҳо чораҳои мушаххас андешад.

Зимнан, сомонаи расмии ҳукумати пойтахт ҷадвали ҳунарнамоии дастаҳои ҳунариро низ интишор додааст, ки тибқи он рӯзҳои шанбе ва якшанбеи оянда дар майдони 800-солагии Маскав ансамбли давлатии "Лола", дар Боғи фарҳангу фароғатии "Дӯстии халқҳо" Иттиҳодияи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо", дар Боғи фарҳангу фароғатии "Кӯли ҷавонон" ҳунармандони Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов ва дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ ансамбли "Шифо"-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0