Олимон дар Душанбе таҳдиди биологӣ ба Осиёи Марказиро баррасӣ карданд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкДар озмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Дар озмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабабҳои сар задани бемориҳои номаълуму бегона ва фаъолияти озмоишгоҳҳои биологии Қирғизистон дар Тоҷикистон муҳокима гардиданд.

ДУШАНБЕ, 27 май- Sputnik. Мутахассисони соҳаи экология аз Иттиҳоди Аврупо, Исроил, Русия якҷо бо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи амнияти биологии минтақаро баррасӣ намуданд, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба фонди "Аврупоиён-мавҷҳои ҷадид" (Евразийцы — новая волна).

Сирдарё дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раёсати ҳифзи муҳити зист: оби рӯди Сир олуда нест

Дар доираи мизи мудаввар, ки аз ҷониби Ассоситсиатсияи байналмиллалии таҳқиқотии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил шуд, қайд намуданд, хатари пайдоиши бемориҳои номаълум дар минтақа афзоиш ёфтааст.

Ба қавли профессори шӯъбаи таърих ва муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи (Славянии) Тоҷикистону Русия Гузел Майтдинова ин хатар беасос нест.

"Сар задани касалиҳои номаълум дар Украинаро ҷамъияти ин кишвар бо фаъолияти корхонаҳои пӯшида, ки бо ёрии мутахассисони амрикоӣ сохта шуданд, вобаста медонанд. Дар Гурҷистон баъди фаъол гаштани Маркази тадқиқотии саломатии ҷамъият, ки аз ҷониби низомиёни хориҷӣ сохта шудааст, паҳншавии вируси нави зуком H3N2 мушоҳида гардидааст",-гуфт профессор зимни гузориш.

Иштирокчиёни вохӯрӣ тасмими Ҷумҳурии Қирғизистонро оиди ҳалли ин масъала қайд намуда иброз доштанд, ки дар кишвар ташкили омӯзишгоҳи биологӣ пешниҳод шуда буд, аммо мутаассифона аз ҷониби ҷамъият дастгирӣ наёфт, хулоса карданд коршиносон.

Лентаи хабарҳо
0