Боздошти чор нафар дар Душанбе ва Хатлон: бо иттиҳоми ғоратгарӣ

© Sputnik Боздошт, Акс аз бойгонӣ
Боздошт, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони милитсия, ду марди 26 ва 36-солаи сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ боздошт шуданд.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik.  Дар Душанбе марди 21-сола, донишҷӯи курси 2-юми яке аз донишкадаҳои пойтахт ва ноболиғи 15-сола, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, бо иттиҳоми содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир гардиданд, иттилоъ медиҳад Вазорати умури дохила.

"Ин ду нафар чанд рӯз қабл бо тариқи зӯроварӣ аз ноболиғ, ҷавони 15-солаи сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, як ҷуфт пойафзол, ки арзишаш 170-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф  намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд",- омадааст дар иттилоъия.

Пулис ба сӯи гурӯҳи қаллобон оташ мекушояд. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
ВКД ба ҷустуҷӯ ва боздошти қаллобон иқдом мекунад

Ба ҳамин монанд, рӯзи 24 май шахсони номаълуми ниқобпӯш ғайриқонунӣ вориди анбори доруҳои минералии хоҷагии ба номи Ниёзмаҳмад Бегови ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуда, посбони амборхонаи мазкур, марди 65-солаи сокини ҳамин ноҳияро латукӯб карда, телефони мобилии тамғаи "Нокиа", ки арзишаш 80-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Манбаъ меафзояд, аснои бургузории  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 26 ва 36-солаи сокинони ноҳияи мазкурро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карданд.

Айни замон оиди ин ду далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот  идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0