ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ба тафтишу таҳқиқи арзу шикояти ду сокини пойтахт, ки яке марди 44-сола ва дигар зани 54-сола оғоз намуданд.
Ба иттилоъи дафтари матбуотии ВКД ҶТ, ин сокинон афродеро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд, ки амволашонро гирифта бозпас нагардонидаанд.
"Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, аз ӯ 17.564 доллари амрикоӣ ва як адад автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс"-ро, ки арзишаш 8000 доллари амрикоиро ташкил медод, гирифта то ҳол барнагардонидааст",- меафзояд манбаъ.
Ҳамзамон, ба ҳамин монанд ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ низ зани 54-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2014 марди 31-солаи сокини пойтахт ба бовариаш даромада, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати ин ду далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти мақомот идома дорад.