ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Зиёд аз 30 ҷинояткор, ки дар кофтукови мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд бо зиёда аз 7 кг маводи мухаддир аз ҷониби сарҳадбонони Қазоқистон ва Қирғизистон дар рафти амалиёти вижа дастгир гардиданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.
"Дар доираи амалиёти вижаи муштараки сарҳадбонони Қазоқистон ва Қирғизстон дар марзи ду кишвар кормандони ҳифзи ҳуқуқ минтақаҳои байнисарҳадӣ ва нишонаҳои назди марзиро тафтиш карданд. Дар бробари ин аз ҳисоби низомиёни ҳарду кишвар гурӯҳи махсус барои муҳофизати сарҳад ташкил карда шуд",-омадааст дар иттилоия.
Мувофиқи маълумоти мақомот дар доираи амалиёти вижа маводи мухаддир ба қадри: зиёда аз 7 кг ҳероин, наздики ду кило марихуана ва 2,5 тонна бангдонаи худрӯй дарёфт гардид. Ҳамчунни мошини боркаш бо қочоқ ба маблағи зиёда аз ду ҳазор доллар боздошт шуд. Дар баробари ин 16 нафар вайронкунандагони сарҳад, 17 нафар бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва зиёда аз 30 кас, ки дар феҳрасти тафтишоти мақомот қарор доштанд дастгир гардиданд.
Тибқи иттилоъи хадамоти матбуотии сарҳадбонӣ марзбонон ҳамчунин панҷ адад яроқ ва зиёда аз 50 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карданд. Дар интиҳои амалиёт қайд гардид, ки "сарҳадбонони ду кишвар аз ӯҳдаи вазифаҳояшон ба хубӣ баромдаданд".