ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар робита бо баҳси сарҳадӣ таҳаммулро бояд пеша кард ва ин масъаларо бо роҳи сулҳ ҳал намуд, гуфт имрӯз дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон Алмазбек Отамбоев, иттилоъ медиҳад Спутник Қирғизистон.
Тайи чанд рӯз кӯшиши ноором кардани вазъ дар қаламрави кишвар ба назар мерасид, мегӯяд роҳбари Қирғизистон.
"Талошҳои ба хашм овардани марзбонони узбак ҳам буд вале ҳамааш гузашт. Баъзеҳо мехоҳанд барои ба сари қудрат омадан бо ҳамсоя биҷанганд", —изҳор дошт сарвари давлат.
Ба қавли ӯ, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ танҳо замоне, ки ҳодиса дар кишвар тезу тунд мешавад, ба кор дахолат мекунад. Феълан бо СПАД гуфтушунидҳо идома доранд, илова кард ӯ.
"Мо метавонем ба ҷониби Узбакистон ҷавоб диҳем, вале бояд каме таҳаммул кард ва ҳамаи масъалаҳои баҳсиро маслиҳатомез ҳал намуд. Қаблан онҳо қудрати таъсиррасонӣ доштанд. Масалан, барқро хомӯш мекарданд. Акнун замоне, ки абзори таъсиррасонии дигар нест, онҳо бо чунин амал даст мезананд. Вале мо ҳеҷ гоҳ бо ҳамсоя намеҷангем. Барои мо дӯстӣ бо онҳо лозим аст. Дар баробари ин мо бояд аз мавқеъи худ ҳимоя кунем",- афзуд Отамбоев.
Рӯзи 18 март дар ноҳияи Ала-Букини вилояти Ҷалолобод сарбозони Узбакистон дар минтақаи беаломати сарҳади Қирғизистону Узбакистон ду мошини зиреҳпӯш бо низомиёнро ҷойгир карданд ва ҳамчунин нуқтаи назоратии "шоҳроҳи Маданият"-ро бастанд. Низомиёни Узбакистон дар километри 20-уми шоҳроҳи Кербен — Ала-Бука, воқеъ дар вилояти Ҷалолобод ду дидбонгоҳ барқарор карда, санадҳои шаҳрвандони Қирғизистонро мавриди тафтиш қарор доданд.
Дар Кумитаи марзбонии Узбакистон изҳор доштанд, ки мустаҳкам кардани марз ба чораҳои амниятӣ қабл аз иди Наврӯз рабт дорад.
Худи ҳамон рӯз Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон ёддошти эътирозӣ ирсол дошта, талаб кард, то дидбонгоҳҳо аз шоҳроҳҳо берун карда шаванд.
Аммо, дар посух неруҳои низомии Узбакистон ду мошини зиреҳпӯшро дар шоҳроҳи зикршуда ҷойгир карданд. Рӯзи душанбе Хадамоти давлатии марзбонӣ иттилоъ дод, ки шумораи низомиёни ҳар ду кишвар дар минтақаи доғ кам карда шудааст.
22 март бо ибтикори Қирғизистон ҷаласаи ғайринавбатии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ доир гардид, ки дар доираи он масъалаи сарҳади ду кишвар дар минтақаи Ҷалолобод баррасӣ карда шуд.
Вобаста ба баҳси марзии Қирғизистону Узбакистон, муовини дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Ара Бадалян ба Бишкек сафар кард.