Назарбоев Эмомали Раҳмонро бо баргузории интихобот табрик кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар интихоботи ғайринавбатӣ. Акс аз бойгонӣ
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар интихоботи ғайринавбатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти сӯҳбати телефонӣ раисҷумҳури Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумӯъи минбаъдаро таманно намуд. Иттилоъ дода мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии президенти ҶТ.

Андеша: раъйпурсӣ дар Тоҷикистон- ҷашни ҳақиқӣ мешавад

Дар рафти сӯҳбати телефонӣ Назарбоев Эмомали Раҳмонро бо баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Раисҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон ва халқи он рушду нумӯъи минбаъдаро таманно кард.

Дар баробари ин ҷонибҳо масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ намуда, дар бораи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар ибрози назар карданд.

Қайд мегардад, ки сӯҳбати телефонӣ бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0