Шикори парчамҳои “нодуруст” дар Тоҷикистон

© Sputnik / Игорь ЛекаркинДар Душанбе рӯзи парчами тоҷик қайд гардид. Акс аз бойгонӣ
Дар Душанбе рӯзи парчами тоҷик қайд гардид. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парчамҳое, ки тавассути қочоқ аз Туркия ва Чин ба Тоҷикистон оварда шудаанд умуман ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нестанд, изҳор дошт раиси хадамоти матбуотии “Тоҷикстандарт” Мурод Ашуров.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. "Тоҷикстандарт" истифодаи парчами истеҳсоли  хориҷи мамлакатро, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нетанд, манъ кард.

"Намояндагони  "Тоҷикстандарт" моҳи май дар нуқтаҳои савдои парчами давлат, ки дар Чин ва Туркия истеҳсол шудаанд ва ба талаботи стандартӣ ҷавонбгӯ нестанд тафтишоти вижа гузарониданд"-иттилоъ дод Мурод Ашуров  раиси хадамоти матбуотии мақомот ба рӯзноманигорон.

Ӯ қайд намуд, ки парчамҳои истеҳсоли мамлакатҳои хориҷ умуман ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

"Мувофиқи талаботҳо дар Тоҷикистон ранги сафед, ки хатти мобайнии парчам мебошад, бояд нисбат ба паҳноии рангҳои сабз ва сурх зиёдтар бошад. Вале парчамҳоеро, ки ба Тоҷикистон ворид менамоянд, дар онҳо ҳамаи рангҳо баробар дарҷ гардидаанд",-гуфт Ашуров.

Ӯ қайд кард, ки аз ин ва баъд ворид намудани парчамҳои истеҳсоли Чин ва Туркия манъ карда мешаванд ва танҳо парчамҳои истеҳсоли корхонаи дузандагии Душанбе ба кор бурда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0