Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои соҳаҳои саноати сабук, истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмон, доруворӣ, сарулибосу таҷҳизоти варзишӣ ва дигар маҳсулоти Покистон ба маъраз гузошта шуда буд.
Тайи солҳои ахир Покистон ҳаҷми савдо бо Тоҷикистонро тавсеъа бахшида, он ба афзоиши ҳаҷми муомилоти дуҷониба мусоидат кард ва агар соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Покистон ҳамагӣ 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, аллакай соли 2014 ҳаҷми он то ба 89 млн. доллари ИМА расид.

1/14
© Sputnik
Намоиши "Корвони Покистон" дар Душанбе дар "Hyatt Regency" аз 24 то 25 май доир гардид.

2/14
© Sputnik
Дар акс: фуруӯшандаи сарпӯшҳои покистонӣ.

3/14
© Sputnik
Дар доираи намоиш ба тамошобинони тоҷик либосҳои миллӣ ва замонавии Покистон нишон дода шуданд.

4/14
© Sputnik
Намоиши либосҳои мардона аз ҷониби истеҳсолкунандагони Покистонӣ.

5/14
© Sputnik
Дар намоишгоҳ ҷои махсус барои асбобҳои дандонпизишкӣ ҷудо шуда буд.

6/14
© Sputnik
Кати хоб аз ҷониби истеҳсолгарони покистонӣ.

7/14
© Sputnik
Дар намоиши "Корвони Покистон" дар Душанбе.

8/14
© Sputnik
Зарфҳои металлӣ бо ороишоти миллӣ.

9/14
© Sputnik
Тӯҳфаҳои милии Покистон ороиши ҳар хонадон.

10/14
© Sputnik
Кордҳои дастсози покистонӣ.

11/14
© Sputnik
Таваҷҷӯҳи мардум бештар ба намоиши маводи косметикӣ ва доруворӣ ҷалб мешуд.

12/14
© Sputnik
Шоҳмот аз сангҳои гуноугуни қимматбаҳо тайёр шудааст.

13/14
© Sputnik
Маҳсулоти ороишӣ бо сангҳои қимматбаҳо.

14/14
© Sputnik
Дастпӯшакҳои варзишии рангоранг.