Заврақрони тоҷик дар Ҷоми Ҷаҳон дар Олмон баромад кард

© SputnikШаҳриёр Даминов. Акс аз бойгонӣ
Шаҳриёр Даминов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бахши аввали Ҷоми Ҷаҳон дар Дуйсбурги Олмон Зоҳирҷон Набиев, Шаҳриёр Даминов ва Нурмуҳаммади Тоҳир баромад карданд. Даминов тавонист ба даври ниҳоии мусобиқа барояд.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Заврақронони тоҷик дар мусобиқаи аввалини мавсимии байналмиллалӣ иштирок карданд.

Варзишгарони тоҷик дар Венгрия дар муддати ду ҳафта тамрин карда пас за он дар Ҷоми Ҷаҳон, ки дар Дуйсбурги Олмон доир гардид иштирок намуданд.

Дар ин мусобиқот Зоҳирҷон Набиев, Шаҳриёр Даминов ва Нурмуҳаммади Тоҳир ширкат варзиданд. Бояд қайд кард, ки дар ин сабқат варзишгарони тоҷик натиҷаҳои хуб нишон доданд, аз ҷумла Шаҳриёр Даминов, ки дар масофаи 200 м тавонист ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад. Нурмуҳаммади Тоҳир дар масофаи 1000 м мақоми ҳаштумро соҳиб шуд. Дар бахши заврақронии ду нафара ба масофаи 200 м Зоҳирҷон Набиев ва Нурмуҳаммади Тоҳир  бо натиҷаҳои 37.713 ҷои ҳафтумро гирифтанд.

Шаҳриёр Даминов аз рӯи се масофа баромад кард. Дар масофаи 1000 м бо нишондодҳои 04:17.455 ӯ ҳафтумин шуда ба марра расид. Дар бахши каноэ-200 м Даминов бо нишондоди 43.495 дар мақоми панҷум қарор гирифт ва ба бахши нимниҳоӣ роҳ ёфта, бо 44.441 соҳиби ҷои нуҳум гардид.

Қаиқрон Шаҳриёр Даминов 5 сонияи зиёди худро дур карданист - Sputnik Тоҷикистон
Қаиқрон Шаҳриёр Даминов ба чемпионати ҷаҳон омодагӣ мегирад

Рабоқат ба масофаи 500 м барояш бо муваффақият анҷом ёфт. Дар бахши аввал бо нишондоди 01:56.289 ӯ ҷои ҳафтумро соҳиб шуда ба бозии нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин бахш ӯ 01:53.946 нишон ба даст оварда ҷои шашумро соҳиб шуд. Ин нишондодҳо Даминовро ба бахши финалӣ баровард. Дар рақобати ниҳоӣ Шаҳриёр бо нишондодҳои 01:53.606 мақоми панҷумро ноил гашт.

Баъди ин варзишгарони тоҷик ба Чехия, ки дар он ҷо рӯзҳои 26-28  бахши дуюми ҷоми ҷаҳон доир меградад, сафар мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар Палембангеи Индонезия қаҳрамонии Осиё аз рӯи риштаи заврақронӣ баргузор гардид.

Варзишгари тоҷик аввалин бор дар таърихи варзиши Тоҷикистони соҳибистиқлол қаҳрамони Осиё оид ба заврақронӣ гардид. Қаҳрамони Осиё оид ба заврақронӣ Шаҳриёр Даминов дар масофаи 200 м шуд.

Лентаи хабарҳо
0