ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар Пағмони Афғонистон инфиҷор рух дод, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи ВКД-и ин кишвар.
Маводи тарканда аз ҷониби террористи худкуш тарконида шуд. Ҳадафи ӯ воситаи нақлиёте, ки дар он намояндагони Суди шикоятӣ қарор доштанд, гардид.
Бар асари инфиҷор даҳ нафар қурбон гардида, чор тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.
Қаблан гурӯҳи радикалии "Толибон" бо мақсади қасд гирифтан аз кормандони мақомотҳои судӣ барои кушта шудани ҳаммаслаконашон таҳдиди ҳамла карда буданд.
Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки террористи худкуш дар минтақаи марказии Афғонистон-Боғрам, ки дар он ҷо Қувваҳои низомии ҳавоии ИМА ҷойгир аст ба низомиёни амрикоӣ ҳамла карданд.