Кобул марги роҳбари “Толибон”-ро таъйид кард

© AP / Uncredited / Гузариш ба медиабонкТолибони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Толибони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷараёни ҷаласаи кобинаи ҳукумати кишвар, ки аз тариқи телевизион мустақиман пахш мешуд, роҳбари иҷроияи ҳукумат гуфт, марги сарвари “Толибон” ба талошҳо дар бораи таъмини сулҳ дар Афғонистон асари мусбат дар пай дорад.

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ҳукумати Афғонистон марги Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур, раҳбари ҳаракати "Толибон"-ро таъйид карда, эълом дошт, ки ӯ дар пайи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин кушта шудааст.

ВМ Афғонистон: истифодаи “Толибон” алайҳи ДИИШ бефоида аст

Тибқи иттилоъи шабакаҳои телевизионии ҶИА, Мулло Абдул Рауф, фармондеҳи баландпояи Толибон, ки ахиран ба Ахтар Мансур пайваста буд, гуфтааст, ки шоми рӯзи ҷумъа Мансур дар минтақаи марзии миёни Афғонистону Покистон ба қатл расидааст.

Дар ҳамин ҳол, ин хабарро Раёсати амнияти милии Афғонистон низ дар эъломияе тасдиқ кард. Пеш аз пахши ин хабарҳо, доктар Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси ҳукумати иҷроии Афғонистон иброз дошт, ки ба эҳтимоли зиёд Мулло Мансур ба ҳалокат расидааст.

Зимнан, оқои Абдуллоҳ дар ҷаласаи ҳукумати Афғонистон, ки  ҷараёни он аз тариқи телевизион мустақиман пахш мешуд, гуфт, марги Мансур ба талошҳо дар бораи таъмини сулҳ дар Афғонистон асари мусбат хоҳад дошт.

"Мансур шахсияти аслии Толибон буд, ки онҳоро аз ширкат дар музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон бозмедошт", — қайд кардааст доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ.

Лентаи хабарҳо
0