Шартномаи гаронтарини Адел бо Sony Music: бо нархи $130 миллион

© AFP 2023 / VALERIE MACONСарояндаи бритониявӣ Адел. Акс аз бойгонӣ
Сарояндаи бритониявӣ Адел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба сарояндаи машҳури бритониявӣ даст дод, то шартномаи гаронтаринро дар таърихи овозхонӣ моҳи декабри соли гузашта ба имзо расонад, вале то имрӯз дар бораи ин ҳамкорӣ маълумоте набуд.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik.  Сарояндаи бритониявӣ Адел бо ширкати овозсабткунии аз ҷиҳати бузургӣ дуюмин дар ҷаҳон Sony Music ба миқдори 130 миллион доллар шартнома ба имзо расонид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи Guardian.

Мувофиқи маълумоти рӯзнома ин гаронтарин шартнома дар тамоми ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Чуноне рӯзнома менависад, менеҷери Адел Ҷонатан Уоткинс барои ба имзо расонидани ин шартнома аллакай соли гузашта дар арафаи Соли нави мелодӣ маслиҳат карда буд, аммо дар бораи рӯи кор будани ин шартнома то имрӯз маълумоте набуд.

Таблоид  The Daily Mail алоқаи байни намуди нави зоҳирии овозхон ва ба имзо расидани ин шартномаро нишон дод.

Адел- дар руйхати беҳтарин ҳунармандони соли 2015

"Ҳамаи он нафароне, ки фаъолияти Аделро хуб медонанд  ва пайваста ӯро мушоҳида кардаанд, дар чунин назаранд, ки намуди зоҳирии ӯ баъди ба имзо расидани ин шартнома дар қиёс бо либосҳояш бештар тағйир ёфтааст. Ӯ нисбати солҳои пешин харобтар шудааст",-гуфта мешавад дар хабар.

Қаблан хабар дода шуд, ки Адел сарояндаи бойтарини Британия эълон гардидааст. Ҳаҷми бойгарии ӯ ба 85 миллион фунт стерлинг мерасад.

Соли гузашта ҳаҷми умумии даромади овозхони 27-сола ба 35 миллион фунт расида буд. Адел то ҳол се албом нашр намуда, яке аз суруди маъруфтаринаш- Skyfall барои филми навбатӣ дар бораи Ҷеймс Бонд сабт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0