ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар рафти вохӯрӣ бо раиси ВКД-и Русия Владимир Колоколтсев дар Душанбе вобаста ба қазияи Хованское, ки боиси марги се шаҳрванди Тоҷикистон гардид изҳори нигаронӣ намуда, ҳамчунин ҳамкориҳои ду мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ду кишварро баррасӣ намуданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
"Президенти кишвар аҳамияти бузурги таҳкими минбаъдаи робитаҳои миёни вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишварро дар заминаи боэътимоди муносибатҳои ҳамҷояи стратегии Тоҷикистону Русияро қайд намуд",-менависад хадамоти матбуотии президенти кишвар аз суханони раисҷумҳур.
Қайд мегардад, ки дар рафти вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳодисаи охири ҳамлаи ҷиноятӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав, ки дар натиҷаи он се шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гардида даҳҳо каси дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, изҳори нигаронӣ намуд.
Эмомали Раҳмон ва Владимир Колоконтсев самаранок будани натиҷаҳои ҳамкориҳои якҷояро аз ҷумла дар бартараф намудани ҳодисаҳои ҷиноятӣ ва мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ қайд намуданд. Президенти Тоҷикистон барои ҳаллу фасли ҳодисаҳои охир, ки ҳамкориҳои якҷояро тақозо мекунад, робитаҳои байни ду мақомоти баландпояро муҳим арзёбӣ кард. Диққати махсус ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дода шуд.
Дар миёнаҳои моҳи майи соли равон дар гӯристони мавсум ба "Хованское"-и пойтахти Русия занозании гуруҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумотҳо дар он аз 200 то 500 нафар иштирок кардаанд. Аснои амалиёти пулис беш аз 100 нафар дастгир гардиданд. Тафтишот идома дорад.