Эҳтимоли бекор мондани 6 ҳазор гектар замин дар шимоли ҶТ

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкҶамъоварии пахта. Акс аз бойгонӣ
Ҷамъоварии пахта. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи вижаи ҳукумати вилоят масоили марбут ба ҷилавгирӣ аз ҳамлаи густурдаи малах, пашшаи харбуза ва ҳашароти зараррасони сабзавоту полезиҳо, аз ҷумла помидор баррасӣ гардид.

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Имсол дар вилояти Суғд зиёда аз 6 ҳазор гектар замин эҳтимол бекор монда, он бар зарари иқтисоди минтақа анҷом ёбад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати вилоят.

Коркарди замин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кӯмаки Ҳукумати ИМА ба кишоварзони тоҷик

Манбаъ мегӯяд, заминҳои мазкур асосан дар шаҳру навоҳии Ашт, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Мастчоҳ, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва Спитамен мавҷуд мебошанд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷаласаи корӣ вобаста ба кишти баҳорӣ ба роҳбарони ноҳияҳо гуфт, бо истифода аз боду ҳавои муосид ва мӯҳлатҳои муайян ин камбудии ҷойдоштаро бартараф намоянд.

"Ӯ аз раисони як қатор шаҳру навоҳӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои корам, дастрасии муассисаҳои иҷтимоӣ ба ангишт, таъмини хонандагон ва  омӯзгорон бо сарулибоси ягона, иҷрои нақшаи даъват ва андоз пурсон гашта, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта онҳоро муваззаф намуд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Оқои Қодирӣ  ҳамчунин аз баланд шудани сатҳи намнокии заминҳои кишт нигаронӣ карда, масъулинро вазифадор кардааст, ки деҳқононро бо заҳрдоруҳо таъмин созанд, зеро аз меъёр баланд шудани намнокӣ боиси пайдо шудани ҳаргуна ҳашароти зараррасон мегардад ва ин омил ба ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0