ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ҳукумати ИМА барои ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ ирсол доштааст, иттилоъ медиҳад Сафорати Амрико дар Душанбе.
Ба навиштаи манбаъ, тариқи лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба идоракунии замин барои қабули қонун "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)" ироаи мошинолот ва техникаи муосир муяссар гардидааст.
Дар баробар ин, иштирокчиёни лоиҳа ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар минтақаҳои гуногун сафарҳо намуда, барои ҳалли мушкилоту талаботи деҳқонон дар қонуни нав пешниҳодҳои худро ирсол доштаанд.
Ҳамчунин, лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ барои ҳуқуқшиносон ва кормандони ҳукуматӣ маълумотнома бо шарҳи қонуни мазкур ва усулҳои татбиқи он нашр намуд.
Гуфтанист, қонун "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) 15-уми марти соли равон аз ҷониби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд. Ин санад хоҷагиҳои деҳқониро ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ эътироф намуда, ҳуқуқи саҳҳомони коллективии хоҷагиҳои деҳқониро мустаҳкам менамояд ва онро шарҳ медиҳад. Қонун идоракунии хоҷагиҳои деҳқониро беҳтар гардонда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдорони онро муайян мекунад.