ВМ Афғонистон: истифодаи “Толибон” алайҳи ДИИШ бефоида аст

© AP / Naim RahimiҚувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ҳангоми наздикшавӣ ба шаҳри Қундуз. 1 октябри соли 2015
Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ҳангоми наздикшавӣ ба  шаҳри Қундуз. 1 октябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агар ба ҳаракати экстремистии “Толибон” кӯмак шавад, боз ях хатари бузург ба вуҷуд меояд, изҳор дошт вазири мудофиаи Афғонистон Муҳаммад Масум Станекзай.

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Истифодаи ҳаракати "Толибон" ҳамчун тарафи дигар алайҳи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бефоида аст, изҳор дошт рӯзи чоршанбе вазири мудофиаи Афғонистон Муҳаммад Масум Станекзай дар конфронси байналмилалӣ оид ба амният дар Маскав.

Игор Лякин-Фролов сафири ФР дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Лякин- Фролов: авзоъи Афғонистон бадтар шуда истодааст

"Баъзе созмонҳо интизори истифодаи "Толибон" бар зидди ДИИШ ҳастанд, аммо ин рух нахоҳад дод. Агар мо ҳаракати "Толибонр"-ро дастгирӣ намоем боз як "дев"-и дигарро дар Афғонистон месозем",- гуфт Станекзай.

Масъалаи вазъи амният дар Осиёи Марказӣ ҳамчунин аз ҷониби муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон полковник Абдулҳошим Ғуломзода ва роҳбари Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон полковник Жанибек Капаров муҳокима гардид.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0