ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд то ин замон 91,7 фоиз иҷро шудааст, иттилоъ медиҳад Комиссариати ҳарбии шимоли кишвар.
"Ҳоло аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 11-тои он нақшаи даъват иҷро гардида, боз се ноҳияи дигар, аз ҷумла, Деваштич, Ашт ва Исфара низ нақшаро беш аз 90% иҷро намуда, дар рӯзҳои наздик аз ичрои он гузориш хоҳанд дод",- қайд мешавад дар хабари ин манбаъ.
Ҳамчунин масъулини чаҳор шаҳру ноҳияи боқимонда низ кӯшиш доранд, то нақшаи даъвати баҳориро дармуҳлати муайяншуда иҷро намоянд.
15-уми март фармони президент Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" содир шуд.
Фармони мазкур аз 7 банд иборат мебошад. Ҳамин тавр, дар асоси ин амр хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2016 аз сафи Артиш ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.