ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тайи панҷ рӯзи аввали даъвати баҳории наваскарон нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 17 % иҷро шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати дифоъ.
"Дар ҷараёни ду рӯзи чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ иҷрои нақша дар вилояти Хатлон ба 23%, дар Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ ба 19%, дар гарнизони Бадахшон —13%, дар вилояти Суғд ва чор ноҳияи пойтахт ба 12% баробар мебошад",- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Маврид ба ёдоварист, бо фармони Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ аз 1-уми апрели соли 2016 даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат оғоз гардид.
Дар рӯзи аввали оғози ин маърака навоҳии Мастчоҳи Куҳӣ, Истиқлоли вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон аз иҷрои комили нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.