СПАД дар Душанбе ҳамкориҳои низомии кишварҳои аъзоро баррасӣ мекунад

© Sputnik / StringerБайрақҳои кишварҳои аъзои СПАД дар тамринҳои "Ҷустуҷӯъ-2016"
Байрақҳои кишварҳои аъзои СПАД дар тамринҳои Ҷустуҷӯъ-2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хабар дода мешавад, ки дар ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои илмӣ техникӣ, истеҳсолӣ ва комплексҳои ҳарбӣ-саноатии кишварҳои аъзо муҳокима мегарданд.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии СПАД оид ба ҳамкориҳои амният ва иқтисод рӯзи ҷумъа  дар Душанбе масъалаҳои низомии кишварҳои аъзоро баррасӣ мекунанд, иттилоъ медиҳад сухангӯи созмон Владимир Зайниддинов.

"Ҷаласа бо таҳти раёстаи муовини нахуствазири ФР Дмитрий Рогозин баргузор мегардад. Дар кори комиссияДабири кулли Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа иштирок менамояд.

Дар ҷаласа низоми ҳамкориҳои ташкилотҳо, ки ба рӯйхати  "Ширкатҳо ва ташкилотҳое, ки бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳои ҳарбию иқтисодӣ миёни кишварҳои аъзои СПАД" фаъолият доранд муҳокима мегардад.

Муовини нахуствазири ФР Дмитрий Рогозин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рогозин ба Душанбе меравад

"Дар баробари ин дар ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои илмӣ техникӣ, истеҳсолӣ ва комплексҳои ҳарбӣ-саноатии кишварҳои аъзо баррасӣ мегарданд",-илова кард ӯ.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992  таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус ба ин ташкилот шомиланд. Ҷумҳурии Ӯзбакистон соли 1999 аъзогиашро дар созмон ба таври якҷониба қатъ кард.

Лентаи хабарҳо
0